Шумори номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ба 22 курсии парлумон аз 88 нафар зиёд шуд

Шумори номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ба 22 курсии палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз 88 нафар зиёд шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон хабар дод, то субҳи имрӯз 5 ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ рӯйхатҳои ҳизбии худро ба КМИР супурдаанд. Хотиррасон шуд, ки ба рӯйхати Ҳизби халқии демократии […]



Шумори номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ба 22 курсии палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз 88 нафар зиёд шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон хабар дод, то субҳи имрӯз 5 ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ рӯйхатҳои ҳизбии худро ба КМИР супурдаанд.

Хотиррасон шуд, ки ба рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 28, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 28, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 6, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 7, Ҳизби демократии Тоҷикистон – 4 ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 15 нафар номзадҳо шомил шудаанд.

«Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 27-уми декабр боз ду ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ – Ҳизби коммунист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон низ анҷуманҳои пешазинтихоботии худро баргузор мекунанд, ки дар онҳо номзадҳо аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб карда мешаванд», – афзуд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки 22 нафар тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафар вакилон аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.