Вазир ба мушкилоти раёсати милисаи пойтахт расидагӣ кард

Нимаи дуюми рӯзи 22 декабр вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсии РВКД дар шаҳри Душанбе, ШВКД-ҳо ва ҷузъу томҳои он дар толори Вазорати корхои дохилӣ вохӯрӣ доир намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ инчунин, роҳбарони аввали Сарраёсат, Сармарказ, Сарситод, Раёсатҳо ва шӯъбаҳои Дастгоҳи марказии ВКД иштирок намуданд. […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 22 декабр вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсии РВКД дар шаҳри Душанбе, ШВКД-ҳо ва ҷузъу томҳои он дар толори Вазорати корхои дохилӣ вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ инчунин, роҳбарони аввали Сарраёсат, Сармарказ, Сарситод, Раёсатҳо ва шӯъбаҳои Дастгоҳи марказии ВКД иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ вазир аз дастовардҳо, таъминоти моддӣ-маишӣ ва беҳтар гардидани шароити хизматии ҳайати шахсии РВКД дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, қайд кард, ки танҳо дар соли ҷорӣ 16 иншоотҳо аз таҳкурсӣ бунёд гардида, 40 иншооти дигар таъмиру тармим ва 23 Шӯбачаҳои минтақавии милитсия ва нуқтаҳои такягоҳи нозирони минтақавӣ таҷдиду азнавсозӣ шуда, сохтмони 4 иншооти дигар оғоз ва инчунин, бо нақлиёти хизматӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин шуданд.

Дар идомаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода махсусан ба масъалаҳои ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Душанбе, бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз намудани  тамоми иншоотҳо, масъалаҳои сӯхтор, мубориза бар зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кушодани ҷиноятҳои солҳои пешин ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳисоботҳои роҳбарияти Раёсатҳои ВКД, РВКД ва сардорони ШВКД-ҳо дар ноҳияҳои шаҳри Душанберо шунида, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода масъалаҳои фаъолияти хизматӣ ва таъминоти моддӣ-техникии ҳайати шахсии РВКД, ШВКД-ҳо ва ҷузъу томҳои он дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта супоришҳо дод.

Ҳамчунин кормандони хадамоту бахшҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ибрози андеша намуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.