Оғози мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе ба интиқоли гармӣ ва оби гарм ба иншооту биноҳои пойтахт шурӯъ намуд. Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани сӯзишвории асосӣ – гази табиӣ, корхонаи мазкур танҳо ба таъмини қисмате аз пойтахт бо оби гарму гармӣ имкон […]



Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе ба интиқоли гармӣ ва оби гарм ба иншооту биноҳои пойтахт шурӯъ намуд.

Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани сӯзишвории асосӣ – гази табиӣ, корхонаи мазкур танҳо ба таъмини қисмате аз пойтахт бо оби гарму гармӣ имкон дорад. Айни замон дар МБГ Душанбе ба сифати сӯзишворӣ аз мазут исстифода мешавад.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» зикр карданд, ки феълан дегхонаи ғарбии МБГ Душанбе қисмати марказии Душанбе ва дегхонаи шарқӣ маҳаллаҳои шарқи пойтахтро бо оби гарму гармӣ таъмин месозад.

«Ахири моҳи ноябр Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ба истеҳсоли гармӣ ва нерӯи барқ оғоз карда, қисмати марказии шаҳрро бо гармӣ ва оби гарм таъмин мекунад», – таъкид доштанд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки нерӯи барқи истеҳсолшуда дар МБГ Душанбе-2 ба низоми умумии энергетикии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки иқтидори умумии МБГ Душанбе, ки ҳанӯз соли 1957 сохта шудааст, 198 МВт ва МБГ Душанбе-2, ки аз ҷониби ширкати TBEA-и Чин бунёд гардидааст, 100 МВт-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.