Ба Душанбе троллейбусҳои нав оварда шуд

Ба пойтатхти Тоҷикистон 15  адад тролллейбуси тамғаи «Тролза», 15 адад машинакомплекти троллейбуси тамғаи зикргардида, 50 адад автобуси тамғаи “ЛиАЗ ва 60 адад автобусҳои тамғаи «ПАЗ», ки дар худи Душанбе насбу барқарор гардидаанд, ворид карда шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин миқдор воситаи нақлиёти мусофирбар дар доираи қарордодҳои қаблан баимзорасида миёни шаҳрдории […]

ASIA-Plus



Ба пойтатхти Тоҷикистон 15  адад тролллейбуси тамғаи «Тролза», 15 адад машинакомплекти троллейбуси тамғаи зикргардида, 50 адад автобуси тамғаи “ЛиАЗ ва 60 адад автобусҳои тамғаи «ПАЗ», ки дар худи Душанбе насбу барқарор гардидаанд, ворид карда шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин миқдор воситаи нақлиёти мусофирбар дар доираи қарордодҳои қаблан баимзорасида миёни шаҳрдории Душанбе бо корхонаҳои дахлдори Русия ворид гардидааст.

«Бо қарори раиси пойтахт тамоми нақлиёти мусофирбари воридшуда ба тавозуни корхонаҳои воҳиди давлатии нақлиётии шаҳри Душанбе гузаронида шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар қарори раиси пойтахт истифодаи мақсадноки нақлиёти мусофирбари воридшуда таъкид гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.