Нақшаи ҷамъоварии андоз дар шаҳри Қӯрғонтеппа 115% ба иҷро расид.
Бино ба иттилои як манбаъ аз мақомоти шаҳрдорӣ, дар зарфи 11 моҳи соли равон бидуни назардошти фонди нафақа ба мақомоти андоз ҷамъоварии 117 млн. 139 ҳазору маблағи андоз муяссар гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 15,5 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Қисмати даромади буҷети шаҳр бидуни назардошти фонди нафақа ба андозаи 73,9% иҷро шудааст, ки аз нақша 13 млн. 205 ҳазор сомонӣ зиёдтар ва 122%-ро ташкил медиҳад.
Бо назардошти тағйироту илова қисмати хароҷоти буҷет дар ин давра ба андозаи 102% ба иҷро расидааст. Маблағи хароҷоти буҷет бо назардошти воситаҳои озоди он 57 млн. 90 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21,6 млн. сомонӣ бештар мебошад.



