Ду ноболиғ зери чархи автомашина монданд

spot_imgspot_img

Дата:



Шоми рӯзи 23-юми декабр зимни ҳаракат дар хиёбони Айнӣ (аз тарафи кӯчаи Ховарон) ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2101», сокини 46-солаи пойтахт Дилшод Шарифов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду нафар толибилмон, бародару хоҳарон Шораҳматовҳо – Умеди 11-сола ва Шукронаи 7-соларо бо автомашинааш пахш намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар роҳ ба бемористон Умед ба ҳалокатрасида, Шукрона бо ҷароҳатҳои сершумор таҳти муоинаи табибон қарор дорад.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол маълумот дастрас нест.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки дар он аз 1 то 3 баробар

афзудани маблағи ҷаримаҳо

барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинӣ шудааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...