Коргоҳҳои нав дар ширкати «Фаровон-1»-и Қайроқкум

Дар назди ҶДММ «Фаровон-1»-и шаҳри Қайроқкум, ки ба истеҳсоли орд машғул аст, коргоҳҳои нав ба кор даромаданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи саноати ҳукумати шаҳри Қайроқкум хабар доданд, муассиси ин ширкат соҳибкори маҳаллӣ Исроил Самандаров буда, чанд рӯз қабл дар ин ҷо коргоҳи нави истеҳсоли комбикорм барои чорвои кардони шохдор ва паррандаҳо ба истифода дода […]

Мавлуда Рафиева



Дар назди ҶДММ «Фаровон-1»-и шаҳри Қайроқкум, ки ба истеҳсоли орд машғул аст, коргоҳҳои нав ба кор даромаданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи саноати ҳукумати шаҳри Қайроқкум хабар доданд, муассиси ин ширкат соҳибкори маҳаллӣ Исроил Самандаров буда, чанд рӯз қабл дар ин ҷо коргоҳи нави истеҳсоли комбикорм барои чорвои кардони шохдор ва паррандаҳо ба истифода дода шудааст. «Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин коргоҳ 9 нафар бо музди меҳнати 1000 сомонӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд», – гуфт манбаъ.

Бино ба гуфти манбаъ, ҳамчунин дар ин ҷо коргоҳи истеҳсоли сохторҳои металлӣ барои бинокорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин коргоҳ бо музди меҳнати 1200 сомонӣ 14 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шудаанд.

Тибқи маълумоти шуъбаи саноати мақомоти шаҳрдории Қайроқкум, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳр 28 корхонаҳои саноатӣ фаъолият намуда, дар ин давра ба маблағи умумии 889 млн. 909 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 228 млн. 934 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.