Кумаки солинавии раиси Хуҷанд ба оилаҳои ниёзманд

Дар арафаи соли нави мелодӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз чанд оилаҳои ниёзманд дидан намуда, барои онҳо кӯмаки якнавбатаи маводи озуқа ва барои фарзандони онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ дастрас намуд. Бино ба иттилои дафьар матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳр нахуст ба оилаи собиқадори меҳнат маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм Абдуманнон Назаров омада, ки бинобар сабаби беморӣ, […]

ASIA-Plus



Дар арафаи соли нави мелодӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз чанд оилаҳои ниёзманд дидан намуда, барои онҳо кӯмаки якнавбатаи маводи озуқа ва барои фарзандони онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ дастрас намуд.

Бино ба иттилои дафьар матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳр нахуст ба оилаи собиқадори меҳнат маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм Абдуманнон Назаров омада, ки бинобар сабаби беморӣ, фарзандаш ӯро нигоҳубин намуда, барои дастгирии моддӣ ниёз дорад. «Дар асоси супориши раиси шаҳр минбаъд А. Назаров зери назорати доимии табибон хоҳад буд», – омадааст дар иттилои шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, маҷрӯҳи гурӯҳи якум Собир Муҳаммадҷонов тайи чандин сол аст,ки нобино буда, дар парастории пайвандонаш аст ва оилаи мазкур дар рӯйхати шахсони ниёзманд буда, сари чанд вақт ба онҳо кӯмаки моддӣ расонда мешавад. «Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми сухбат ин оиларо бо соли нави мелодӣ табрик намуда, таъкид намуд, ки таъмини иҷтимоии ин оила зери назорати доимӣ хоҳад буд», – қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода аз манзили истиқоматии оилаҳои Умарҷон Болтубоев, Улуқой Маҳмудова, Роҳат Турдибоева боздид намуда, ҳамаи онҳоро аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соли нав табрик ва таъкид намуд, ки парасторӣ ва ғамхорӣ нисбати онҳо ҳамешагӣ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.