Покистон содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Тоҷикистонро афзуданист

Ояндаи наздик Покистон содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Тоҷикистонро ба таври назаррас афзуданист. Хабаргузории покистонии The International News дар ин робита менависад, рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазири федералии савдои Покистон Хуррам Дастгир Хон зимни мулоқот бо директори Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Аҳмедов изҳор доштааст, ки ин тасмим бо мақсади афзоиши талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти ғийзойӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Ояндаи наздик Покистон содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Тоҷикистонро ба таври назаррас афзуданист.

Хабаргузории покистонии The International News дар ин робита менависад, рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазири федералии савдои Покистон Хуррам Дастгир Хон зимни мулоқот бо директори Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Аҳмедов изҳор доштааст, ки ин тасмим бо мақсади афзоиши талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти ғийзойӣ сурат мегирад.

Вазири покистонӣ зикр кардааст, ки созишномаи тиҷоратии сеҷониба миёни Покистону Афғонистон ва Тоҷикистон монеъаҳо дар тиҷорати минтақавиро коҳиш дода, ба рушди савдо такони ҷиддӣ мебахшад. Ӯ ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки шартномаи дуҷонибаи имтиёзноки тиҷоратӣ ба имзо расонида шавад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаи афзоиши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба то 500 млн. доллари ИМА дар се соли наздикро баррасӣ намудаанд, ки дар ин бора зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф изҳори назар шуда буд.

Н.Аҳмедов қайд кардааст, ки Тоҷикистон аз вазъ бо таъмини амнияти ғизойӣ нигарон буда, аз ин рӯ, ба зиёд кардани захираҳои озуқавории худ манфиатдор аст.

Номбурда таъкид доштааст, ки танҳо 7% аз қаламрави Тоҷикистон барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ коршоям буда, бинобар ин, кишвар ба маҳулоти воридотӣ вобастагии зиёд дорад. «Дар навбати аввал Тоҷикистон ба воридоти гандум, шакар, равғани растанӣ ва сабзавот ниёз дорад», – иброз доштааст ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.