Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ба қисман ҷуброн кардани зиёни Ш.Мирзоев омода аст

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон изҳор намуд, ки ба қисман ҷуброн намудани маблағи зиёни дар аризаи даъвогии сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-сола зикршуда омода аст. Ҳуқуқшиноси ин ниҳод Зоиршоҳ Назиров дар мурофиаи судии баррасии аризаи даъвогӣ оид ба пардохти зарари маънавӣ ва моддӣ дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Сарраёсат ба ҷабрдида зикр кард, ки […]

Мавзуна Абдуллоева



Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон изҳор намуд, ки ба қисман ҷуброн намудани маблағи зиёни дар аризаи даъвогии сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-сола зикршуда омода аст.

Ҳуқуқшиноси ин ниҳод Зоиршоҳ Назиров дар мурофиаи судии баррасии аризаи даъвогӣ оид ба пардохти зарари маънавӣ ва моддӣ дар ҳаҷми 241 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Сарраёсат ба ҷабрдида зикр кард, ки «ба суд муроҷмат намудан шарт набуд». «Ба мо расман муроҷиат кунед ва мо ба пардохти 97 ҳазор сомонӣ ба сифати зиёни моддӣ омодаем, вале ба пардохти 144 ҳазор сомонӣ зиёни маънавӣ мо уҳдадор нестем, зеро мо ба сарбоз зиёни маънавӣ нарасонидаем. Бигзор пардохти маблағи зиёни маънавиро аз фелдшер Усмон Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова талаб кунанд», – гуфт Назиров.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки бидуни мурофиаи судӣ ҳам нерӯҳои марзбонии КДАМ ба пардохти маблағи зарари моддӣ омода буданд, аммо касе бо чунин дархост ба онҳо муроҷиат накардааст.

Ҳуқуқшинос кумакҳои расонидашуда ба Шаҳбол Мирзоевро номбар кард. «То ба Маскав раҳсипор шудани Шаҳбол, мо барои табобати ӯ 7 ҳазору 252 сомонӣ ҷудо карда, сарбозон барои ӯ 5 литр хун супурданд. Раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов шахсан 3 ҳазор сомонӣ ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ боз 2 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо карданд», – иброз дошт ӯ.

Аммо Дилшод Ҷӯраев, адвокати Шаҳбол Мирзоев дар мурофиа қайд кард, ки ҳанӯз то мурофиаи судӣ падари сарбоз Нуъмон Мирзоев ба нерӯҳои марзбонӣ бо дархости кумаки моддӣ муроҷиат кардааст, вале дар он ҷо ба ӯ посух додаанд, ки ҳамагӣ 1 ҳазору 300 сомонӣ маблағ пардохт карда метавонанд ва ба пардохти маблағи аз ин бешар имкон надоранд. «Падари сарбоз ин кумакро рад кард, зеро барои табобати Шаҳбол аз замони фоҷеа то моҳи августи соли 2014 онҳо беш аз 97 ҳазор сомонӣ маблағ масраф кардаанд», – гуфт адвокат.

Қобили зикр аст, ки қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 

ба аёдати сарбози марзбони

 дар Маркази миллии тиббӣ бистаришуда Шаҳбол Мирзоев рафта, ваъда дода буд, ки ҷиҳати ба муҷозот кашидани тамоми афроди гунаҳкор ба латукӯби ӯ тамоми чораҳоро хоҳад андешид. Ғайр аз ин, Р.Раҳмоналӣ ба Шаҳбол зикр карда буд, ки тамоми хароҷоти табобати ӯро давлат ба уҳда мегирад.

Ёдрас мекунем, ки сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо 

лату кӯб карда

, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) 

парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

 Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз рӯйи ин парванда судшаванда Усмон Ғайратовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.