Идомаи гуфтушуниди таҳвили маҳсулоти нафтӣ аз Русия дар соли 2015



Зимни мулоқоти рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта бо журналистон сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор намуд, ки гуфтушунидҳои таҳвили маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2015 идома доранд.

Сафир қайд кард, ки тибқи тавозуни индикативӣ, соли 2015 Тоҷикистон аз Русия 1 млн. тонна маҳсулоти нафтӣ хоҳад гирифт, ки 600 ҳазор тоннаашро бензин ва сӯзишвории дизелӣ ташкил медиҳанд. «Аз ҷониби Русия бекор шудани пардохти боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон ҳаҷми воридоти ин маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистонро се маротиба афзуд, ки ба Тоҷикистон ба сарфаи то 300 млн. доллари ИМА дар як сол имкон фароҳам меоварад», – таъкид дошт Игор Лякин-Фролов.

Дар Вазорати энергетика ва захираҳо оби Тоҷикистон қаблан дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки тибқи шартномаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ, агар соли равон ҷумҳурӣ 1 млн. тонна ин маҳсулотро нахарад, пас соли оянда ҳаҷми тавозуни индикативии сӯзишворӣ ба таври автоматӣ кам мешавад.

«Тоҷикистон ҳаҷми зикршударо то ахири сол ворид карда наметавонад, ки ба иҷро нашудани шартҳои тавозуни индикативӣ боис мегардад, аммо ин ҷо сабабҳои воқеъӣ ҷой доранд: дар худи Русия камбуди маводи сӯзишворӣ рӯйи кор омада, садама дар корхонаи коркарди нафти Ачинск низ таъсири  зиёд гузошт», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ҳамагӣ 478 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки 90%-и онро маҳсулоти нафтии Русия ташкил медиҳад.

Қаблан муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Эмомиддин Аслов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ дар соли 2015 афзуда, 1 млн. 890 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод, ки воридоти 1 млн. тоннаи он аз Русия дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное