Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Миср дар бахши тандурустӣ

Чанде қабл дар Қоҳира дидори сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ бо вазири тандурустӣ ва аҳолии ин кишвар Одил Адавӣ баргузор гардид. Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Миср, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ, саноати дорусозӣ ва бозомӯзии пизишкон дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳум байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати […]



Чанде қабл дар Қоҳира дидори сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ бо вазири тандурустӣ ва аҳолии ин кишвар Одил Адавӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Миср, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ, саноати дорусозӣ ва бозомӯзии пизишкон дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳум байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Миср дар соҳаи тандурустӣ ва саноати дорусозӣ, ки 6 июни 2008 дар Қоҳира ба имзо расида буд, баррасӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, дар ин росто таъкид шудааст, ки дар пойтахти кишвари мо бунёд гардидани нахустин корхонаи муштараки дорусозии “Делтоҷик Фарма” метавонад ба сифати намуна барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Миср дар соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ хидмат кунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.