Душанбеву Кобул масъалаи озод кардани марзбонони тоҷикро пайгирӣ доранд

– Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон дар робита ба масъалаи озод кардани 4 нафар марзбонони тоҷик, ки ахири ҳафтаи гузашта аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати «Толибон» ба асорат гирифта шуданд , мудом бо мақомоти Афғонистон дар тамосанд, – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ. Бино ба гуфти манбаъ, ҳукуматдорони Афғонистон итминон додаанд, ки ин […]



– Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон дар робита ба масъалаи озод кардани 4 нафар марзбонони тоҷик, ки ахири ҳафтаи гузашта аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати «Толибон»

ба асорат гирифта шуданд

, мудом бо мақомоти Афғонистон дар тамосанд, – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ.

Бино ба гуфти манбаъ, ҳукуматдорони Афғонистон итминон додаанд, ки ин масъала  рӯзҳои наздик ҳаллу фасл мешавад.

Рӯзи 22-юми декабр роҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Қундузи Афғонистон саҳеҳияти маълумоти рабуда шудани марзбонони тоҷикро мавриди санҷиш қарор додааст, вале баъди ин департаменти иттилооти ВКХ ҶТ дигар ба ин масъала таваҷчуҳе зоҳир накард.

Дар ҳамин ҳол, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммад Ҷаъфаров санаи 22-юми декабр дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» далели ба асорат гирифтани марзбонони тоҷикро рад кард.

Субҳи рӯзи 22-юми декабр як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс»  ба асорат афтодани марзбонони тоҷикро тасдиқ намуда, таъкид дошт, ки ба таҳқиқи ҳодиса мазкур Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ машғул аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.