БМТ меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳоро тағйир дод

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо арзи миллӣ ва хориҷиро тағйир дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, бо қарори раёсати бонк, тағйироти мазкур бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди пули миллӣ бинобар зиёд шудани фишорҳои қурбӣ ба иқтисодиёт сурат мегирад Гуфта мешавад, меъёри захираҳои ҳатмӣ […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо арзи миллӣ ва хориҷиро тағйир дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, бо қарори раёсати бонк, тағйироти мазкур бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди пули миллӣ бинобар зиёд шудани фишорҳои қурбӣ ба иқтисодиёт сурат мегирад

Гуфта мешавад, меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ 3 банди фоизӣ паст ва бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ баланд карда шуда, мутаносибан дар сатҳи 2,0 ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардиданд. 

Зимнан зикр мегардад, ки мутобиқи Қарори номбурда тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар низоми бонкӣ вобаста ба захираҳои ҳатмӣ аз таърихи 1 январи соли 2015 тибқи санади мазкур амалӣ карда мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.