Шойгу: Русияву Тоҷикистон бояд ба ҳама гуна ҷараёни рӯйдодҳо омода бошанд

Зимни мулоқоти вазирони мудофиаи Русияву Тоҷикистон Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои СААД вазири мудофиаи Русия изҳор намуд, ки дар шароити хурӯҷи нерӯҳои эътилофи низомӣ аз Афғонистон, Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон бояд ба ҳама гуна ҷараёни сурат гирифтани рӯйдодҳо, аз ҷумла рӯйдодҳои манфӣ низ омода бошанд. «Дар ин робита таваҷҷуҳи асосӣ […]



Зимни мулоқоти вазирони мудофиаи Русияву Тоҷикистон Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои СААД вазири мудофиаи Русия изҳор намуд, ки дар шароити хурӯҷи нерӯҳои эътилофи низомӣ аз Афғонистон, Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон бояд ба ҳама гуна ҷараёни сурат гирифтани рӯйдодҳо, аз ҷумла рӯйдодҳои манфӣ низ омода бошанд.

«Дар ин робита таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани қобилияти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ин кишварро зарур мешуморем», – таъкид дошт зимни муоқот Сергей Шойгу.

Доир ба дар муассисаҳои таълимии Русия таври ройгон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон омода кардани кадрҳо, С.Шойгу изҳор намуд, ки имсол ба таҳсил дар ин самт 150 нафар қабул шуда, дар маҷмӯъ 493 нафар хизматчиёни низомии тоҷик дар Русия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. «Минбаъд низ дар бахши таъмини амният Тоҷикистонро дастгирӣ карданием», – афзуд вазири мудофиаи Русия.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.