Имкони аз соли оянда бо патент кор кардани муҳоҷирон дар Русия

Аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади кор ба Русия меоянд, дар корхонаву муассисаҳои тобеъ ба шахсони ҳуқуқӣ бо патент кор карда метавонанд. Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар робита ба ин масъала, тағйироту илова дар ин самт танҳо ба шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ба қаламрави Русия ворид мешаванд, […]



Аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади кор ба Русия меоянд, дар корхонаву муассисаҳои тобеъ ба шахсони ҳуқуқӣ бо патент кор карда метавонанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар робита ба ин масъала, тағйироту илова дар ин самт танҳо ба шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ба қаламрави Русия ворид мешаванд, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, дахл хоҳад дошт.

«Зимни убури марз муҳоҷири корӣ бояд дар корти муҳоҷират ҳадафи сафар – «кор»-ро зикр карда, дар мудлати 30 рӯз аз замони вуруд дар бораи гирифтани патент ариза пешниҳод намояд, ки дар воҳидҳои минтақавии хадамоти муҳоҷират ба расмият дароварда мешавад», – таъкид мешавад дар маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷират.

Гуфта мешавад, барои дастрас кардани ин ҳуҷҷат муҳоҷирон бояд донистани забони русӣ, огаҳӣ аз таъриху асосҳои қонунгузории ин кишвар, гирифтор набудан ба бемориҳои хатарнокро тасдиқ намуда, полиси суғураи ихтиёрии тибббиро пешниҳод созанд ва андоз аз даромадро пардохт кунанд.

Зимнан таъкид мегардад, ки ҳангоми ба кор гирифтани муҳоҷирони дорои патент аз шаҳсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони хусусӣ гирифтани квота талаб намешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.