Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки дар он аз 1 то 3 баробар афзудани маблағи ҷаримаҳо барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинӣ шудааст.
Ба андешаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Тӯрахон Самадов, ин пешниҳоди ҳукумати бешубҳа аз ҷониби намояндагони мардумӣ дастгирӣ меёбад, зеро ба ҷорӣ намудани низому тартибот дар роҳҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст, ки бар асари садамаҳои нақлиёти рухдода аз ҷониби ронандагони қонуншикан дар онҳо ҳамарӯза шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат мерасанд.
«Тағйироту илова дар ин самт, ки дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумон нимаи дуюми имрӯз баррасӣ мешавад, болоравии маблағи ҷаримаҳо аз 20-40 сомонии имрӯза то ба 120-200 сомониро дар назар дорад», – иброз дошт вакил.




