Эҳтимоли аз боҷи гумрукӣ озод кардани воридоти доруворӣ, сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси гумруки кишварро ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол кард. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, узви Кумитаи молия ва иқтисоди парлумон Шарофиддин Сироҷов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, воридоти сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молия, доруворӣ […]



Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси гумруки кишварро ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол кард.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, узви Кумитаи молия ва иқтисоди парлумон Шарофиддин Сироҷов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, воридоти сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молия, доруворӣ ва ҳама гуна асъор аз ҷониби тамоми шахсон аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

«Ғайр аз ин, ба Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ минбаъд барои ба таъхир андохтани пардохти боҷи гумрукӣ ба шахсони ҳуқуқии ҷудогона ҳуқуқ дода мешавад», – гуфт вакил.

Тағйироту иловаҳои зикршуда дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумон нимаи дуюми имрӯз баррасӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.