Зимни мулоқоти вазирони мудофиаи Русияву Тоҷикистон Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои СААД вазири мудофиаи Русия изҳор намуд, ки дар шароити хурӯҷи нерӯҳои эътилофи низомӣ аз Афғонистон, Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон бояд ба ҳама гуна ҷараёни сурат гирифтани рӯйдодҳо, аз ҷумла рӯйдодҳои манфӣ низ омода бошанд.
«Дар ин робита таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани қобилияти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ин кишварро зарур мешуморем», – таъкид дошт зимни муоқот Сергей Шойгу.
Доир ба дар муассисаҳои таълимии Русия таври ройгон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон омода кардани кадрҳо, С.Шойгу изҳор намуд, ки имсол ба таҳсил дар ин самт 150 нафар қабул шуда, дар маҷмӯъ 493 нафар хизматчиёни низомии тоҷик дар Русия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. «Минбаъд низ дар бахши таъмини амният Тоҷикистонро дастгирӣ карданием», – афзуд вазири мудофиаи Русия.



