Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли баландшиддати барқи минтақавӣ CASA-1000, Покистон ният дорад, ки имкони дубора содироти барқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигарро баррасӣ намояд.
Бино ба иттилои хабаргузориҳои Покистон, вазири савдои Покистон Хуррам Дастгир Хон изҳор доштааст, ки оид ба интиқоли 1 ҳазор МВт нерӯи барқ тариқи ин хат аз Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуда, дар сурати зарурат имкон дорад, ки аз ҳисоби ин нерӯи барқи дастрасшуда ҳама гуна кишварҳои дигари мувоҷеҳ ба камбуди барқ бо он таъмин карда мешаванд.
«Амалисозии лоиҳаи CASA-1000 намунаи барҷастаи ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманди дуҷониба мёни минтақаҳо буда, Покистонро бо нерӯи барқи зарурӣ таъмин месозад», – гуфтаааст вазири покистонӣ.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли равон мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон
дар Истамбул созишнома
дар бораи амалисозии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро ба имзо расониданд.
Дар созишнома харидории нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1 ҳазор МВт пешбинӣ шудааст. Мутобиқи лоиҳа, интиқоли 70%-и нерӯи барқ ба Тоҷикистон ва 30%-и он ба Қирғизистон рост меояд. Афғонистон ҳудуди 300 МВт нерӯи барқ харидорӣ мекунад. Тибқи лоиҳа, Покистон нерӯи барқро бо арзиши 9,35 сент мехарад.
Лоиҳаи CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар мавсими тобистон таъмин мекунад, ахири соли 2018 бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад. Аз бевосита оғоз гардидани корҳои амалисозии лоиҳа тобистони соли оянда интизорӣ меравад.
Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.
Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад.


