Анҷоми азнавсозии роҳи Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон

Корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбианд. Тавре аз намояндагии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Душанбе хабар доданд, тамоми корҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ба итмом расонида шуда, танҳо ҳалли чанде аз масоили молиявӣ боқӣ мондааст. Дар намояндагии БОР зикр карданд, ки барои таъмиру азнавсозии ин роҳи мошингард бонк […]

Пайрав Чоршанбиев



Корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбианд.

Тавре аз намояндагии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Душанбе хабар доданд, тамоми корҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ба итмом расонида шуда, танҳо ҳалли чанде аз масоили молиявӣ боқӣ мондааст.

Дар намояндагии БОР зикр карданд, ки барои таъмиру азнавсозии ин роҳи мошингард бонк 120 млн. доллари ИМА воситахои бурсӣ ҷудо кард. «Дар натиҷаи сарфакорӣ аз ҳисоби ин лоиҳа ҳамчунин роҳҳои ҳамшафат низ таъмир шуданд», – гуфтанд дар намояндагии бонк.

Ахири моҳи май иттилоъ дода будем, ки дар сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон

ҳудуди 85%-и корҳои таъмиру таҷдид

ба итмом расиданд.

Ёдрас мекунем, ки 7-уми ноябри соли 2011 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Сиаою Жао маросими расмии оғози таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон баргузор шуда буд. Масофаи умумии роҳ 61,5 километр аст.

Паймонкори кулли лоиҳа ширкати «Чайна роуд»-и Чин аст. Барои таъмиру азнавсозии роҳи мазкур дар маҷмӯъ 131,3 млн. доллари ИМа ҷудо гардид, ки 120 млн. доллари ИМА – бурси БОР ва 11,3 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.

Пас аз таҷдид қисмати роҳ аз Душанбе то Турсунзода чорхатта ва бари роҳ 25 метр мешавад. Қисмати роҳи аз Турсунзода то марзи Ӯзбекистон духатта ва бараш 15 метр хоҳад шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.