Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба муносибати пирӯзии ҳизбаш ва муҷаддадан интихоб гардидан ба ҳайси сарвазири ин кишвар барқияи табрикӣ фиристод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки  Тоҷикистон густаришу таҳкими равобит бо Ҷопонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии худ дониста, муътақид аст, […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба муносибати пирӯзии ҳизбаш ва муҷаддадан интихоб гардидан ба ҳайси сарвазири ин кишвар барқияи табрикӣ фиристод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки  Тоҷикистон густаришу таҳкими равобит бо Ҷопонро аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии худ дониста, муътақид аст, ки равобити васеъ ва мутақобилан судманди ду кишвар ба манфиати халқҳои ҳарду кишвари дӯст, субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон мебошад.

«Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои созандаву рушдёбандаи мо дар солҳои охир бо Ҷопон на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар чаҳорчубаи равобити бисёрҷониба низ пайгирона густариш меёбанд ва мазмуну мундариҷаи фарохтар касб менамоянд», – омадааст дар барқия.

Дар фарҷоми барқия ба сарвазири Ҷопон ва мардуми он сиҳҳатмандиву комёбӣ ва рифоҳу шукуфоӣ таманно шуда, изҳор умедворӣ мешавад, ки дар давраи нави фаъолияти сарвазири тозаинтихоб бо саъю кушишҳои дуҷониба муносибатҳои ду кишвар боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.