Каромат Шарипов: Муҳоҷирон дар Русия 1 млрд. рубл маблағашонро аз даст доданд

Date:



Наздики 950 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия 1 млрд. рубл маблағи коркардаашонро аз даст додаанд.

Хабаргузории

«Русская служба новостей»

бо истинод ба  раиси ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин ба муҳоҷирони машғули кор дар корхонаву муассисаҳои сармоягузорони хориҷӣ, бозорҳо ва сохтмони тобеъи соҳибкорони ғайриқонунӣ дахл дорад.

Бино ба маълумоти Шарипов, танҳо 5%-и шаҳрвандони Тоҷикистон дар корхонаву муассисаҳои сохторҳои давлатӣ машғули кор буда, аз он ҷо музди меҳнат мегиранд.

Ба андешаи раиси ҳаракат, дар чунин шароит муҳоҷирати корӣ қобили қабул нест. «Ман мухолифи муҳоҷирони корӣ нестам, онҳо барои Русия заруранд,  вале бо чӣ рӯбарӯ шудани онҳоро мо имрӯз мушоҳида дорем. Давлати Русия бояд ба онҳо масъул бошад. Бояд як бастаи муқаррароти ҳифзи иҷтимоии онҳо вуҷуд дошта бошад. Онҳо бояд худро инсон эҳсос намоянд», – таъкид доштааст Шарипов.

Қаблан ӯ ба ин хабаргузорӣ иттилоъ дода буд, ки то аввали бахори соли 2015 ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳри Маскавро тарк мекунанд, ки ин ба афтиши қурби рубл, роҳандози сиёсати нави Русия дар бахши муҳоҷират ва зарурати дастрас кардани патенти махсус аз 1-уми январи соли 2015 марбут аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...