Президент прокуророни тозатаъинро ба ҳузур пазируфт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори содиқонаю софдилона, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум ва умуман таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ҳидоят намуд. Гуфта мешавад, прокурорҳои шаҳру […]

ASIA-Plus



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори содиқонаю софдилона, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум ва умуман таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ҳидоят намуд.

Гуфта мешавад, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Кӯлоб, Носири Хусрав, Восеъ, Рӯдакӣ, Рашт, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Рашт ва Хоруғ, прокурори нақлиётии вилояти Суғд, сардорони ду раёсати Прокуратураи генералӣ ва машваратчии калон-сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии Шӯрои амнияти Тоҷикистон иваз карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.