Каромат Шарипов: Муҳоҷирон дар Русия 1 млрд. рубл маблағашонро аз даст доданд

Наздики 950 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия 1 млрд. рубл маблағи коркардаашонро аз даст додаанд. Хабаргузории «Русская служба новостей» бо истинод ба  раиси ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин ба муҳоҷирони машғули кор дар корхонаву муассисаҳои сармоягузорони хориҷӣ, бозорҳо ва сохтмони тобеъи соҳибкорони ғайриқонунӣ дахл […]

ASIA-Plus



Наздики 950 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия 1 млрд. рубл маблағи коркардаашонро аз даст додаанд.

Хабаргузории

«Русская служба новостей»

бо истинод ба  раиси ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин ба муҳоҷирони машғули кор дар корхонаву муассисаҳои сармоягузорони хориҷӣ, бозорҳо ва сохтмони тобеъи соҳибкорони ғайриқонунӣ дахл дорад.

Бино ба маълумоти Шарипов, танҳо 5%-и шаҳрвандони Тоҷикистон дар корхонаву муассисаҳои сохторҳои давлатӣ машғули кор буда, аз он ҷо музди меҳнат мегиранд.

Ба андешаи раиси ҳаракат, дар чунин шароит муҳоҷирати корӣ қобили қабул нест. «Ман мухолифи муҳоҷирони корӣ нестам, онҳо барои Русия заруранд,  вале бо чӣ рӯбарӯ шудани онҳоро мо имрӯз мушоҳида дорем. Давлати Русия бояд ба онҳо масъул бошад. Бояд як бастаи муқаррароти ҳифзи иҷтимоии онҳо вуҷуд дошта бошад. Онҳо бояд худро инсон эҳсос намоянд», – таъкид доштааст Шарипов.

Қаблан ӯ ба ин хабаргузорӣ иттилоъ дода буд, ки то аввали бахори соли 2015 ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳри Маскавро тарк мекунанд, ки ин ба афтиши қурби рубл, роҳандози сиёсати нави Русия дар бахши муҳоҷират ва зарурати дастрас кардани патенти махсус аз 1-уми январи соли 2015 марбут аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.