Мулоқоти судманди марзбонони Суғд бо кормандони АНМН

Date:



Дар қисми ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бо ширкати намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирӣ, мубориза ва паёмадҳои номатлуби нашъамандӣ баргузор  шуд.

Бино ба иттилои агентӣ дар вохӯрӣ ҳайати фармондеҳии қисми низомӣ, муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва афсарони калон ширкат доштанд.

Намояндаи Раёсати агентӣ доир ба мафҳум, моҳият ва дурнамои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» сухан гуфта, иҷрои бемайлони ин ҳуҷҷати муҳими давлатиро вазифаи ҳатмии мақомоти марбутаи давлатӣ шуморид.

Зикр шуд, ки неруҳои сарҳадӣ дар ҳамдастӣ бо воҳидҳои сохтории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи мухталифи кишвар, хосатан марзи тӯлонии байни Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшишҳои таҷовузкоронаи гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда, ҳифзи боэътимоди фазои сиёсӣ ва ҳаёти осоиштаи мамлакат аз зиракиву маҳорати баланди ҳирфаии онҳо вобаста аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...