Афзоиши андози аксизӣ барои операторони алоқаи мобилӣ

Вакилони палатаи поёнии парлумон тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба Кодекси андозро, ки дар онҳо афзоиш ва коҳиши ҳаҷми андозҳо барои фаъолияти ҷудогона пешбинӣ шудааст, дастгирӣ намуданд. Зимни шарҳи масъалаи мазкур назди вакилон муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев қайд кард, ки  даромадҳои Бонки миллии Тоҷикистон, фурӯши саҳмияҳо ва амвол андозбандӣ шуда, дар […]

Аваз Юлдошев



Вакилони палатаи поёнии парлумон тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба Кодекси андозро, ки дар онҳо афзоиш ва коҳиши ҳаҷми андозҳо барои фаъолияти ҷудогона пешбинӣ шудааст, дастгирӣ намуданд.

Зимни шарҳи масъалаи мазкур назди вакилон муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев қайд кард, ки  даромадҳои Бонки миллии Тоҷикистон, фурӯши саҳмияҳо ва амвол андозбандӣ шуда, дар тағйироти пешниҳодшуда афзоиши андози аксизӣ барои операторони мобилӣ ва ҳамчунин содда кардани низоми баргардонидани қарзҳо аз минтақаҳои оффшорӣ дар назар аст.

Ба гуфтаи вакил Сафаралӣ Гулов, мутобиқи тағйирот, андози аксизӣ барои операторони мобилӣ аз 3% то ба 5% меафзояд. «Ғайр аз ин, андоз аз иҷораи амвол дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб низ зиёд мешавад», – гуфт ӯ.

С.Гулов ҳамчунин зикр кард, ки то соли 2018 аз маблағҳои давлатии ба корхонаву муассисаҳои бахши фарҳангу ВАО равонашуда андоз ситонида намешавад. «Ҳамчунин мавод (масолеҳи сохтмон) барои иншооти дорои аҳамияти стратегӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад», – афзуд вакил.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.