Мулоқоти судманди марзбонони Суғд бо кормандони АНМН

Дар қисми ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бо ширкати намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирӣ, мубориза ва паёмадҳои номатлуби нашъамандӣ баргузор  шуд. Бино ба иттилои агентӣ дар вохӯрӣ ҳайати фармондеҳии қисми […]

ASIA-Plus



Дар қисми ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бо ширкати намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирӣ, мубориза ва паёмадҳои номатлуби нашъамандӣ баргузор  шуд.

Бино ба иттилои агентӣ дар вохӯрӣ ҳайати фармондеҳии қисми низомӣ, муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва афсарони калон ширкат доштанд.

Намояндаи Раёсати агентӣ доир ба мафҳум, моҳият ва дурнамои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» сухан гуфта, иҷрои бемайлони ин ҳуҷҷати муҳими давлатиро вазифаи ҳатмии мақомоти марбутаи давлатӣ шуморид.

Зикр шуд, ки неруҳои сарҳадӣ дар ҳамдастӣ бо воҳидҳои сохтории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи мухталифи кишвар, хосатан марзи тӯлонии байни Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшишҳои таҷовузкоронаи гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда, ҳифзи боэътимоди фазои сиёсӣ ва ҳаёти осоиштаи мамлакат аз зиракиву маҳорати баланди ҳирфаии онҳо вобаста аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.