ВКХ худдорӣ аз сафар ба Яманро тавсия медиҳад

Бино бар ташаннуҷи вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман ва  афзоиши ҳодисаҳои рабудани шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад, ки муваққатан аз сафар ба Яман худдорӣ кунанд. Дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Яман […]

ASIA-Plus



Бино бар ташаннуҷи вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман ва  афзоиши ҳодисаҳои рабудани шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад, ки муваққатан аз сафар ба Яман худдорӣ кунанд.

Дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Яман қарор доранд, бояд бисёр эҳтиёткор бошанд, аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон ва ё гурӯҳҳои алоҳида иҷтиноб варзанд ва дар сурати ташдиди вазъият дар Яман, ин кишварро тарк кунанд.

Ёдрас мекунем, ки сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент Гулрухсор Рофиева, ки дар шуъбаи занонаи госпитали ҳарбии Мариби Яман кор мекард, санаи 29-уми октябри соли равон дар яке аз маҳаллахои шаҳр рабуда шуд. Ӯ автомашинаеро, ки мебоист ӯро ба госпитал мебурд, интизор нашуда, пиёда ба кор роҳ пеш гирифта ва дар роҳ ӯро афроди номаълум боздошт намуда, бо худ бурданд. То имрӯз озод кардани табибзан муяссар нашудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.