Бунёди 170 корхонаву коргоҳҳои нав дар Суғд дар соли 2015

Date:



Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки соли оянда 170 корхона ва коргоҳҳои нави саноатиро бо 5,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ бунёд намояд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, айни замон дар вилоят бунёди як қатор корхонаҳои калону хурд, аз ҷумла  сохтмони корхонаи сементбарории “Ғаюр-семент” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1000 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол, коргоҳи заршӯйии КМ ”Зарафшон” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва 300 ҷойи корӣ, корхонаи “Броадтек” дар шаҳри Панҷакент ва ҶДММ “Нуқрафом” дар шаҳри Истиқлол идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 164 корхонаҳои нави хурду миёна ба истифода дода шуданд. Корхонаҳои нав асосан дар бахшҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабуку хӯрокворӣ ва саноати кӯҳкорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...