Бунёди 170 корхонаву коргоҳҳои нав дар Суғд дар соли 2015

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки соли оянда 170 корхона ва коргоҳҳои нави саноатиро бо 5,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ бунёд намояд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, айни замон дар вилоят бунёди як қатор корхонаҳои калону хурд, аз ҷумла  сохтмони корхонаи сементбарории “Ғаюр-семент” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1000 […]

ASIA-Plus



Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки соли оянда 170 корхона ва коргоҳҳои нави саноатиро бо 5,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ бунёд намояд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, айни замон дар вилоят бунёди як қатор корхонаҳои калону хурд, аз ҷумла  сохтмони корхонаи сементбарории “Ғаюр-семент” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 1000 ҷойи корӣ ва истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол, коргоҳи заршӯйии КМ ”Зарафшон” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва 300 ҷойи корӣ, корхонаи “Броадтек” дар шаҳри Панҷакент ва ҶДММ “Нуқрафом” дар шаҳри Истиқлол идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 164 корхонаҳои нави хурду миёна ба истифода дода шуданд. Корхонаҳои нав асосан дар бахшҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабуку хӯрокворӣ ва саноати кӯҳкорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.