ҲСДТ шумори вакилони анҷуманашро кам кард

Бинобар сабаби мавҷуд набудани толори муносиб, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) шумори вакилон ба анҷумани пешазинтихоботиашро, ки санаи 27-уми декабр доир мегардад, то ҳадди ниҳойӣ кам кард. Тасмим гирифта шуд, ки анҷуман дар дафтари кории ҳизб баргузор мешавад. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби кам кардани шумори вакилони анҷуман […]

Аваз Юлдошев



Бинобар сабаби мавҷуд набудани толори муносиб, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) шумори вакилон ба анҷумани пешазинтихоботиашро, ки санаи 27-уми декабр доир мегардад, то ҳадди ниҳойӣ кам кард. Тасмим гирифта шуд, ки анҷуман дар дафтари кории ҳизб баргузор мешавад.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби кам кардани шумори вакилони анҷуман аз 120 то 60 нафар дар он аст, ки ҳеҷ кадоме аз ташкилоту корхона ва муассисаҳо ба иҷораи бино ё толор барои баргузории анҷуман, ки дар он интихоби номзадҳои ҳизб ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва пешниҳоди барномаи пешазинтихоботии ҳибз дар назар аст, розӣ намешаванд.

«Ба тамоми корхонаву муассиса ва ташкилотҳое, ки мо бо хоҳиши ба иҷора додани толор муроҷиат намудем, дархости моро рад карданд», – иброз дошт ӯ.

Ба иттилои Зойиров, ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ  20 номзад ва аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ 10 номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ карданист. «Ба рӯйхати ҳизбии ҲСДТ якчанд нафар шахсони ғайриҳизбӣ низ шомил мегарданд»», – қайд кард Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки 

Федератсияи мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

пешниҳоди толор барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҲСДТ-ро рад кард. Сотсиал-демократҳо қаблан санаи баргузории анҷуманро аз 17 ба 20-уми декабр иваз карда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.