Оғози афтиши қурби доллар дар Тоҷикистон

Date:



Тайи ҳафтаи ахир қурби доллари ИМА дар бозори асъори Тоҷикистон тақрибан 3% поин рафт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), давоми ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор коҳиш ёфта, ба ҳисоби миёна 5,4200-5,4500 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки як ҳафта қабл 1 доллари ИМА 5,5790-5,6010 сомонӣ арзиш дошт.

«Дар баробари ин, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ баланд шуда, 0,0960-0,0980 сомонӣ ба як рубли русӣ, қурби миёнаи амалиётҳо бо евро бошад, каме паст шуда, 6,7050-6,7250 сомонӣ ба як евро баробар шуд», – иттилоъ медиҳад БМТ.

Дар Бонки миллӣ тамоили мазкурро ба тадбирҳои андешида аз ҷониби БМТ оид ба устувор нигоҳ доштани қурби арзи миллӣ ва ҳамчунин болоравии қурби рубли русӣ дар ин давра нисбат медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи болоравии қурби  рубл дар партави мутаваққиф шудани поинравии нархи нафт ва сармоя дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавқеи рубл дар бозори Тоҷикистон таҳким ёфт.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, қурби доллари нисбати рубл дар ҳоли коҳиш қарор дошта, агар рӯзи панҷшанеи ҳамин ҳафта қурби 1 доллари ИМА 54,4913 рублро ташкил медод, пас имрӯз 1 доллари ИМА бо арзиши 52,62 рубл фурӯхта мешавад.

Рӯзи 25-уми декабр вазири молияи Русия Антон Силуанов дар ин робита изҳор намуд, ки марҳилаи заъифшавии мавқеи рубли русӣ мантиқан ба итмом расида, аммо қурби рубл аз қурби имрӯза болотар намеравад. «Дар сатҳи пешин дидани қурби доллар низ дигар ғайриимкон аст ва 50 рубл ҳудуди камтарини беқурбшавии асъори амрикоӣ аст», – иброз доштааст Силуанов. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...