Қатъи интиқоли барқ ба қисмате аз мавзеъҳои пойтахт дар рӯзи истироҳат

Дар робита ба баргузории корҳои таъмиру тадбирҳои пешгирӣ, рӯзи якшанбе, 28-уми декабр аз соати 09-00 то 16-00 интиқоли нерӯи барқ ба чанде аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт қатъ карда мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз муассисаи шабакаҳои барқи Душанбе хабар дод, дар ин фосилаи вақти рӯзи истироҳат интиқоли нерӯи барқ ба маҳаллаҳои Испечак, Зарафшон – […]

Аваз Юлдошев



Дар робита ба баргузории корҳои таъмиру тадбирҳои пешгирӣ, рӯзи якшанбе, 28-уми декабр аз соати 09-00 то 16-00 интиқоли нерӯи барқ ба чанде аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт қатъ карда мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз муассисаи шабакаҳои барқи Душанбе хабар дод, дар ин фосилаи вақти рӯзи истироҳат интиқоли нерӯи барқ ба маҳаллаҳои Испечак, Зарафшон – 1,2, мавзеи Донишгоҳи аграрӣ, кӯчаҳои Охунбобоев, Анзоб, Заҳматобод, Меҳнат, Телман, Саҳбо, Сурхоб, Лоҳутӣ, Турсунзода ва қисман кӯчаҳои Айнӣ, Мастонгулов, Дӯстии халқҳо ва академикхо Раҷабовҳо мутаваққиф карда мешавад.

Бино ба гуфти манбаъ, дар рӯзи таъиншуда аз мушкилот бо таъмини барқ дучор шудани сокинони маркази пойтахт низ аз эҳтимол дур нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.