Ҳабси 4 сокини Хуҷанд барои муноқиша бо кордзанӣ

Чор нафар сокинони шаҳри Хуҷанд – Шуҳрат Дадабоеви 37-сола, Ҷамшед Аҳмедови 26-солаи қаблан маҳкумшуда барои дуздӣ, Ҳалимбой Зокирбойи 29-солаи қаблан маҳкумшуда барои авбошӣ ва Акрамбой Маҳкамови 29-сола ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор дастгир карда шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, номбурдагон шоми рӯзи 24-уми декабр барои ҳал намудани муноқишаи байни шаҳрвандон Акрамбой Маҳкамов […]

ASIA-Plus



Чор нафар сокинони шаҳри Хуҷанд – Шуҳрат Дадабоеви 37-сола, Ҷамшед Аҳмедови 26-солаи қаблан маҳкумшуда барои дуздӣ, Ҳалимбой Зокирбойи 29-солаи қаблан маҳкумшуда барои авбошӣ ва Акрамбой Маҳкамови 29-сола ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор дастгир карда шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, номбурдагон шоми рӯзи 24-уми декабр барои ҳал намудани муноқишаи байни шаҳрвандон Акрамбой Маҳкамов ва Ғуломҷон Ёдгоров,  ҳарду 24-сола меоянд, ки Ғ.Ёдгоров ҳамчун устои сохтмончӣ дар хонаи истиқоматии Маҳкамов А. кор карда, қисми маблағашро ба андозаи 1000-доллари амрикоӣ нагирифтааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа байни онҳо ва Ғуломҷон Ёдгоров, Фазлиддинхон Алиев-и 25-сола, Умархон Алиеви 24-сола ва Азиз Ниёзови 21-сола,  истиқоматкунандагони  шаҳри Хуҷанд, муноқиша ва задухӯрд ба амал меояд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд  Шуҳрат Дадабоев бо корди дар даст доштааш якчанд маротиба  ба  қисми дил ва шиками Фазлиддинхон Алиев зарбаҳои ҳалокатовар зада, баъдан ба Азиз Ниёзов низ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст, ки бар асари он  Алиев Ф. дар беморхона ба ҳалокат расида, А.Ниёзов бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст. 

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.