Коммунистон 90-солагии таъсиси ҲКТ-ро ҷашн мегиранд

Пленуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) пагоҳ, 27-уми декабр даъват шуда, рӯзномаи анҷумани пешазинтихоботии ҳизбро, ки низ ба соати 10-00-и ҳамин дар шаҳри Душанбе  ба кор шурӯъ мекунад, тасдиқ месозад. Котиби КМ ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар анҷуман рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба […]

Аваз Юлдошев



Пленуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) пагоҳ, 27-уми декабр даъват шуда, рӯзномаи анҷумани пешазинтихоботии ҳизбро, ки низ ба соати 10-00-и ҳамин дар шаҳри Душанбе  ба кор шурӯъ мекунад, тасдиқ месозад.

Котиби КМ ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар анҷуман рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилӣ аз ҲКТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва барномаи пешазинтихоботии ҳизб пешкаши ҳамагон мегардад.

Ба гуфтаи вай, бинобар сабабҳои мушкилоти молиявӣ, ҲКТ рӯйхати комили иборат аз 28 нафарро, ки мутобиқи қонунгузорӣ иҷозат дода шудааст, пешниҳод карда наметавонад. «Ба гумони ғолиб, ба рӯйхати ҲКТ 10 номзад шомил мегарданд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки баъди анҷоми кори анҷуман бо иштироки собиқадорони ҳаракати коммунистии Тоҷикистон ба муносибати 90-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ доир мегардад.

Хотиррасон шуд, ки ташкилоти вилоятии коммунистони тоҷик аз 29-уми декабри соли 1924 дар ҳайати Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.