Баррасии рафти амалисозии барномаи мониторинги экологӣ дар парлумон

Таҳти раёсати раиси Комисссияи экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Зайниддин Сафаров имрӯз музокироти парлумонӣ доир гардид, ки дар он масоили марбут ба амалисозии барномаи «Мониторинги ҳифзи муҳити зист дар ҶТ барои солҳои 2013-2017» баррасӣ шуд. Чуноне ки ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парулмон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар баробари вакилон, дар музокирот раҳбарони вазорату […]

Аваз Юлдошев



Таҳти раёсати раиси Комисссияи экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Зайниддин Сафаров имрӯз музокироти парлумонӣ доир гардид, ки дар он масоили марбут ба амалисозии барномаи «Мониторинги ҳифзи муҳити зист дар ҶТ барои солҳои 2013-2017» баррасӣ шуд.

Чуноне ки ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парулмон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар баробари вакилон, дар музокирот раҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар низ ширкат варзида, З.Сафаров зикр кард, ки барои амалисозии барномаи зикршуда ҷудо гардидани ҳудуди 2 млн. 780 ҳазор сомонӣ воситаҳои буҷет ва ҳамчунин бурси созмонҳои байнулмилалӣ дар ҳаҷми 10 млн. 570 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар навбати худ намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар дар ин робита қайд карданд, ки дар доираи амалисозии ин барнома каналу селпартоҳо бо масофаи умумии беш аз 9 километр тоза шуда, мутахассисони бахши экология омода гардидаанд ва дар ҷумҳурӣ нахустин ва алҳол ягона маркази такмили ихтисоси кормандони ин соҳа таъсис дода шуд.

Дар баробари ин З.Сафаров барои таваҷчуҳи нокофӣ зимни амалисозии барнома ва ҳамчунин саривақт иҷро нашудани бандҳои нақшаи кори он аз фаъолияти сохторҳои ҳукумат интиқод намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.