Ноҳияи Қумсангир беҳтарин ноҳияи агросаноатии вилояти Хатлон дониста шуд.
Дар таҷлили ҷашни «Меҳргон», ки рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид, муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон, вазири кишоварзӣ Қосими Роҳбар ва дигар аъзои ҳукумати кишвар ширкат варзиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои озмун ноҳияи Қумсангир беҳтарин ноҳияи агросаноатии вилоят эътироф гардида, зинаҳои дуюму сеюмро ноҳияҳои Данғара ва Ёвон ишғол карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳамроҳ бо меҳмонони воломақом дар вазъи тантанавӣ ба ғолибони озмун ифтихорномаву туҳфаҳо супурданд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин аз номи раиси вилояти Хатлон барои фаъолона инъикос кардани мушкилоту дастовардҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят ба журналистон низ туҳфаҳо тақдим гардиданд.


