Дар Афғонистон бо 80 млрд. $ Кобули нав сохтанианд

Хабаргузории Khaama Press  иттилоъ медиҳад, ки дар Афғонистон Кобули нав сохтанианд, ки андозааш аз Кобули имрӯза ду баробар зиёдтар хоҳад буд. Муовини роҳбари ташкилоти Kabul New City Development (KNC) Илҳом Умар Хотакӣ дар ин робита изҳор намудааст, ки аллакай бо 5 ширкат оид ба сохтмони 55 ҳазор манзили зист созишнома ба имзо расидааст. – Давоми […]

ASIA-Plus



Хабаргузории


Khaama Press


 иттилоъ медиҳад, ки дар Афғонистон Кобули нав сохтанианд, ки андозааш аз Кобули имрӯза ду баробар зиёдтар хоҳад буд.

Муовини роҳбари ташкилоти Kabul New City Development (KNC) Илҳом Умар Хотакӣ дар ин робита изҳор намудааст, ки аллакай бо 5 ширкат оид ба сохтмони 55 ҳазор манзили зист созишнома ба имзо расидааст.

– Давоми 15 сол сохтмони 600 ҳазор манзил дар 840 километри мураббаъ, воқеъ дар қаламрави миёни фурудгоҳи Хоҷи Раваши Кобул ва фурудгоҳи Багром, ки пойгоҳи низомии ИМА мустақар аст, тарҳрезӣ шудааст, – иттилоъ медиҳад  

ТАСС

.

Кобули нав барои 2,5 млн. нафар сокинон пешбинӣ шудааст. Корҳои лоиҳакашии сохтмони шаҳри нав 8 сол қабл ба итмом расида, дар таҳияи нақшаи генералии он коршиносони маҳалливу хориҷи саҳм гирифтаанд. Тибқи арзёбии пешакӣ, барои сохтмони шаҳри нави Кобул 80 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Айни замон ширкатҳои ба ин лоиҳа ҷалбшуда розигии президенти Афғонистон ба оғози корҳои сохтмонро интизоранд. Дар ҳамин ҳол, андешаҳое низ изҳор карда мешаванд, ки дар сурати муташанниҷ шудани вазъ баъди хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, лоиҳаи Кобули нав шояд амалӣ нагардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.