Мизони таваррум дар 11 моҳ 6,8%-ро ташкил дод

Мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли равон 6,8%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи ноябр нарху тарифҳо ба молу хизматгузориҳо ҳамагӣ ба андозаи 0,7% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 043% зиёдтар аст. Гуфта мешавад, соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил […]

ASIA-Plus



Мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли равон 6,8%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи ноябр нарху тарифҳо ба молу хизматгузориҳо ҳамагӣ ба андозаи 0,7% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 043% зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,1%-ро ташкил додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли равонро – дар сатҳи 7% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – дар сатҳи 6,6% пешгӯи мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки ахиран бар асари беқурбшавии арзи миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ нархҳои маводи ғизойӣ ва хизматгузориҳо боло рафтанд.

Дар робита ба афзоиши қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон, маҳсулоти асосии ғизойии истеҳсоли ҳам ватаниву ҳам хориҷӣ ба таври назаррас гаронтар шуданд. Агар қаблан як халта (50 кило) орд 120-140 сомонӣ ва 1 халта шакар – 110-155 сомонӣ арзиш дошт, пас имрӯз нархи он мутаносибан ба 160 сомонӣ ва 120-125 сомонӣ расидааст. Барои мардуми оддӣ харидории мева бештар дастнорас мешавад.

Мавриди зикр аст, ки моҳи ноябр қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ 8% афзуда, дар баъзе нуқтаҳои мубодилаи асъор 5,60 сомонӣ барои 1 доллар фурӯхта мешуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.