Консерти ғолибони озмуни «Суруди сол» дар Душанбе

Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» даври ҷамъбастӣ ва галаконсерти ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» баргузор мегардад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, чорабинии мазкур бо ибтикор ва ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ имсол дар шаклу пешниҳоди нав доир мешавад. Гуфта мешавад, тайи се моҳи охир тавассути […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» даври ҷамъбастӣ ва галаконсерти ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, чорабинии мазкур бо ибтикор ва ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ имсол дар шаклу пешниҳоди нав доир мешавад.

Гуфта мешавад, тайи се моҳи охир тавассути паёмҳои СМС ва овоздиҳии кушода суруду оҳангҳо ва овозхонҳои беҳтарини соли сипаришуда муайян гардида, дар натиҷа ба даври ниҳоӣ 23 овозхони шинохтаи эстрадаи муосири тоҷик роҳ ёфтанд.

Ба иттилои манбаъ, диплому ҷоизаҳои Озмунро ба ситораҳои эстрадаи тоҷик дар маросими бошукӯҳ шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ месупоранд.

Зимнан зикр мегардад, ки консерти ниҳоиии Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» дар Шаби Соли нав мунзури тамошобинони телевизон мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.