Қариб нисфи буҷети соли ояндаи Суғд ба бахши маориф равона мегардад

Соли 2015 барои рушди бахши маорифи вилояти Суғд аз буҷети вилоятӣ 595,8 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад, ки аз ҳаҷми умумии буҷети соли оянда 46%-ро ташкил медиҳад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, соли равон аз буҷети вилоят ба соҳаи маориф 522 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, ки нисбат […]

Баҳром Файзуллоев



Соли 2015 барои рушди бахши маорифи вилояти Суғд аз буҷети вилоятӣ 595,8 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад, ки аз ҳаҷми умумии буҷети соли оянда 46%-ро ташкил медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, соли равон аз буҷети вилоят ба соҳаи маориф 522 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, ки нисбат ба буҷети соли 2013 ба миқдори 103 млн. сомонӣ бештар аст.

Ба иттилои манбаъ, ин воситаҳо асосан ба таъмиру азнавсозӣ ва беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ равона гардиданд. «Тибқи Барномаи давлатии сохтмон, таъмир ва азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, 14 синфҳое, ки дар манзилҳои хусусӣ, вагонҳо ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир шуда буданд, ба дигар ҷойи мувофиқ кӯчонида шуда, бинои 6 мактаби сохтмонаш нотамом пурра таъмир ва мавриди истифода қарор гирифт», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки давоми соли 2014 дар 21 иншооти бахши маорифи вилоят корҳои таъмиру таҷдид ба анҷом расида, аз ин миқдор 8 иншоот бо воситаҳои буҷети вилоят, 5 иншоот тариқи ҳашар ва 8 иншоот аз ҳисоби маблағҳои сарчашмаҳои дигар таъмиру азнавсозӣ шудааст.

«Аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят мактабҳо бо 5 ҳазору 720 адад ва аз ҳисоби маблағҳои шахсони ҷудогона бо 1 ҳазору 200 адад маҷмӯи мебелу лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуданд», – афзуд сарчашмаи хабар. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.