Вохӯрии тоҷирони муваффақи тоҷик бо донишҷӯён

Дар доираи форуми «Тарбиятгарии зуд», ки аз ҷониби Фонди АвруОсиё Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ва палатаи амрикоӣ (АмЧам) созмон дода шуд, дар меҳмонхонаи «Шератон» роҳбарон ва менеҷерҳои ширкатҳо ва корхонаҳои бузурги Тоҷикистон бо донишҷӯён мулоқот ороста, бо онҳо табодули таҷриба намуданд. Тавре аз Фонди мазкур хабар доданд, ҳадафи аслӣ аз баргузории чорабинӣ таъмини дастрасии ҷавонон […]

ASIA-Plus



Дар доираи форуми «Тарбиятгарии зуд», ки аз ҷониби Фонди АвруОсиё Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ва палатаи амрикоӣ (АмЧам) созмон дода шуд, дар меҳмонхонаи «Шератон» роҳбарон ва менеҷерҳои ширкатҳо ва корхонаҳои бузурги Тоҷикистон бо донишҷӯён мулоқот ороста, бо онҳо табодули таҷриба намуданд.

Тавре аз Фонди мазкур хабар доданд, ҳадафи аслӣ аз баргузории чорабинӣ таъмини дастрасии ҷавонон ба машварату тавсияҳои тоҷирони соҳибкасбу варзида буда, ин чорабинӣ баҳри дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ равона шудааст.

Дар доираи кори форум беш аз 30 нафар донишҷӯёни бахшҳои иқтисодии макотиби олии пойтахт имкон пайдо намуданд, ки бо ҳар кадоме аз тоҷирони муваффақ мустақиман мулоқот карда, ба саволҳои худ посух дарёбанд.

Директори Палатаи савдои амрикоӣ дар Тоҷикистон (АмЧам) Илҳом Маҳкамбоев  дар робита ба кори форум изҳор намуд, ки таҷрибаи андӯхтаи ҷавонон дар чорабинии имрӯза ба онҳо минбаъд дар мустақилона роҳандозӣ намудани тиҷорат мусоидат мекунад. «Мо бар ин назарем, ки рушди Тоҷикистон тавассути рушди бахши хусусӣ имконпазир аст ва мо бояд ҷавононро ба ташабуусу созандагӣ дар ин самт ҳидоят созем», – гуфт номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.