Буҷети Суғд дар соли 2015 қариб 1,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад

Date:



Дар ҷараёни иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум




ҳисоботи раиси вилоят доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 11 моҳи соли равон шунида шуда, масъалаҳои қабули буҷети вилоят барои соли 2015, номузории иншоот ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, вобаста ба буҷети давлатии вилоят сардори Сарраёсати молияи вилоят баромад намуда, зикр дошт, ки қисми даромади буҷети вилоят барои соли оянда 1 миллиарду 292 миллиону 850 ҳазор сомонӣ қабул карда шавад, ки ин нисбати буҷети соли 2014 15,8 дарсад зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, дар қисми хароҷоти буҷет асосан ба дастгирии соҳаи иҷтимоии вилоят аҳмияти авалиндараҷа дода шуда, ба ин самт 82 фоизи маблағҳо равон карда хоҳад шуд, аз ҷумла ба соҳаи маориф 595,8 миллион сомонӣ, тандурустӣ 304,3 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 6,9 миллион сомонӣ ва ғайра.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...