Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» даври ҷамъбастӣ ва галаконсерти ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, чорабинии мазкур бо ибтикор ва ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ имсол дар шаклу пешниҳоди нав доир мешавад.
Гуфта мешавад, тайи се моҳи охир тавассути паёмҳои СМС ва овоздиҳии кушода суруду оҳангҳо ва овозхонҳои беҳтарини соли сипаришуда муайян гардида, дар натиҷа ба даври ниҳоӣ 23 овозхони шинохтаи эстрадаи муосири тоҷик роҳ ёфтанд.
Ба иттилои манбаъ, диплому ҷоизаҳои Озмунро ба ситораҳои эстрадаи тоҷик дар маросими бошукӯҳ шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ месупоранд.
Зимнан зикр мегардад, ки консерти ниҳоиии Озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» дар Шаби Соли нав мунзури тамошобинони телевизон мешавад.


