Толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чун солҳои пешин аз 1 январ то 1-уми феврал ба таътил мебароянд. Дар ин бора фармони дахлдори вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов ба имзо расидааст.
Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсон Хушвақтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки санаи 1-уми феврал толибилмон ба дарсҳо бармегарданд.
Таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳории хонадагонро Вазорати маориф ва илм ҳанӯз се сол пеш бекор карда буд. Қаблан агар толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз 1 то 12-уми январ истироҳат мекарданд, пас феълан таътил як моҳи пурра давом мекунад.
«Агар соли гузашта толибилмон дар таътили зимистона ба машғулиятҳои иловагӣ ҷалб мешуданд, имсол дигар аз ин таҷриба кор гирифта намешавад. Толибилмон бояд дар хонаашон адабиёти дар рӯйхати Вазорат тавсияшуда барои муассисаҳои таълимиро хонанд», – қайд кард Э.Хушвақтов.
Зимнан зикр гардид, ки давоми таътил омӯзгорон дар давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ба машғулиятҳо фаро гирифта мешаванд.



