Баррасии тағйирот ба қонун «Дар бораи Суди конститутсионӣ» дар Шӯрои парлумон

Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи охирини Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар соли равон доир гардид, ки дар он тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Суди конститутсионӣ» баррасӣ шуд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар робита иттилоъ дод, дар ҷаласаи […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи охирини Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар соли равон доир гардид, ки дар он тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Суди конститутсионӣ» баррасӣ шуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар робита иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯрои ҳамчунин масъалаи тасдиқи созишномаи сармоягузорӣ миёни ҶДММ «ТКН Регар» ва ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода» низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯро масъалаи ба ҳуқуқшиносони машғули кор дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагон додани унвонҳои дараҷавӣ ва мукофотпулӣ барои муҳлати хизмат низ баррсӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.