Бақияи пасандозҳои бонкӣ дар Тоҷикистон қариб 20% афзуд

Бақияи пасандозҳо дар интиҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 19,5 фоиз афзуда, ба 6 млрд. 555 млн. сомонӣ баробар шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки милии ҷумҳурӣ, дар таркиби бақияи пасандозҳо дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст, аз ҷумла, 36,0 фоиз ё […]

ASIA-Plus



Бақияи пасандозҳо дар интиҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 19,5 фоиз афзуда, ба 6 млрд. 555 млн. сомонӣ баробар шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки милии ҷумҳурӣ, дар таркиби бақияи пасандозҳо дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст, аз ҷумла, 36,0 фоиз ё 2 млрд.360,3 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,0 фоиз ё 4млрд.194,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил додаанд.

Ба иттилои манбаъ, фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар ин давра бо пули миллӣ 15,15 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,98 фоизи солонаро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,68 фоиз паст ва 0,36 фоиз баланд мебошанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон  141 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.