Боздиди Шукурҷон Зуҳуров аз мактаб-интернати ноҳияи Темурмалик

Бо супориши президент раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 28-уми декабр аз мактаб-интернати деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик боздид намуда, 120 нафар тарбиятгирандагони ин муасисаро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфт. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонв ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шукурҷон Зуҳуров ва вазири маориф ва илми […]

Аваз Юлдошев



Бо супориши президент раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 28-уми декабр аз мактаб-интернати деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик боздид намуда, 120 нафар тарбиятгирандагони ин муасисаро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфт.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонв ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шукурҷон Зуҳуров ва вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, ки ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ дошт, ба тарбиятгирандагони интернат сарулибос, телевизор, чангкашак, қолинҳо, мебел, компютерҳо, беш аз 1 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

Корманди собиқадори мактаб-интернат Хадича Иқболоваро раиси палатаи поёнии парлумон бо ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон ва директори интернат Фаррух Қувватовро бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз намуд.

Змни мулоқот бо тарбиятгирандагони интернат Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки ин муассиса соли 1933 сохта шуда, дар он фарзандони барӯманди халқи тоҷик академик, собиқ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Талбак Назаров, академик Ёқубшо Юсуфов, оҳангсоз Қудратулло Яҳёев ва дигарон тарбият гирифтаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.