Толибилмон тамоми моҳи январ истироҳат мекунанд

Толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чун солҳои пешин аз 1 январ то 1-уми феврал ба таътил мебароянд. Дар ин бора фармони дахлдори вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов ба имзо расидааст. Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсон Хушвақтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки санаи 1-уми феврал толибилмон ба […]

Мавзуна Абдуллоева



Толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чун солҳои пешин аз 1 январ то 1-уми феврал ба таътил мебароянд. Дар ин бора фармони дахлдори вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов ба имзо расидааст.

Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсон Хушвақтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки санаи 1-уми феврал толибилмон ба дарсҳо бармегарданд.

Таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳории хонадагонро Вазорати маориф ва илм ҳанӯз се сол пеш бекор карда буд. Қаблан агар толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз 1 то 12-уми январ истироҳат мекарданд, пас феълан таътил як моҳи пурра давом мекунад.

«Агар соли гузашта толибилмон дар таътили зимистона ба машғулиятҳои иловагӣ ҷалб мешуданд, имсол дигар аз ин таҷриба кор гирифта намешавад. Толибилмон бояд дар хонаашон адабиёти дар рӯйхати Вазорат тавсияшуда барои муассисаҳои таълимиро хонанд», – қайд кард Э.Хушвақтов.

Зимнан зикр гардид, ки давоми таътил омӯзгорон дар давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ба машғулиятҳо фаро гирифта мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.